The CJSC “NBP Pakistan Subsidiary Bank in Tajikistan” warmly welcomes you!
A leading Government owned commercial bank of Pakistan with total assets worth around USD: 13 billion.


                          Огоҳинома оид ба қатъ карда шудани фаъолияти

ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон”

 

Мизоҷони мӯҳтарам !

 

          Бо эҳтиром ва таассуф, ба Шумо иттилоъ медиҳем, ки аз ҷониби Шӯрои Нозирони Бонки Миллии Покистон қарор дар бораи қатъ кардани фаъолияти бонкӣ дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик қабул карда шудааст. Дар робита ба ин, аз Шумо хоҳиш карда мешавад, ки суратҳисобҳои мавҷудаи худро дар бонки фаръӣ то санаи 15 апрели соли 2021 бандед.

          Баста шудани бонки фаръӣ ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ алоқаманд буда, вазъи молиявии бонк устувор мебошад. Бонки фаръӣ барои пурра иҷро кардани ӯҳдадориҳояш ва ҳисоббаробаркунӣ бо ҳамаи амонатгузорон маблағи кофии пардохтпазирӣ дорад.  Мӯҳлати дар боло зикршуда, то 15 апрели соли 2021 пешбинӣ шудааст, то мизоҷон / амонатгузорони мо имкон пайдо кунанд, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои худ бонки дигареро интихоб кунанд ва ба мушкилоти ивази бонк дучор нашаванд.

          Бонки фаръии Бонки миллии Покистон дар Тоҷикистон барои ҳамкориҳои дарозмуддат ва пурсамар бо бонки мо изҳори миннатдорӣ намуда, ба Шумо муваффақият ва шукуфоиро дар оянда хоҳон аст!

          Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки огоҳиномаи хаттиро аз идораи бонк дар суроғаи: ш. Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кучаи Айнӣ 48, маркази тиҷоратии “Созидание” гиред. Тел: (44) 610 44 14 /12 


Курсы валют

Currency exchange rates on April 19, 2021

 
    Purchase Sell  
   1 USD 11.3100 11.3300 TJS
   1 EUR 13.5800

13.7500

TJS 
         

Новости

07/10/2012