The CJSC “NBP Pakistan Subsidiary Bank in Tajikistan” warmly welcomes you!
A leading Government owned commercial bank of Pakistan with total assets worth around USD: 13 billion.

You are here

Саҳифаи аслū

Эътиборномахо


Эътиборнома ин як намуди уҳдадории хаттиест, ки дар асоси он Бонк бо супориши воридкунандаи мол маблағи пулии муайяншударо дар давраи муайяншуда ба содиркунанда медиҳад дар ҳолате, ки содиркунанда ҳуччатҳои лозимиро дар асоси талаботҳои Эътиборнома пешниҳод мекунад. Эътиборномаҳо метавонанд дар маблағҳои гуногун бо асъори бозоргир ва дар сурате, ки ҳуччатҳои лозимӣ дар асоси эътиборнома пешниҳод мешаванд, пардохт шаванд.

 

Эътиборнома метавонад манзурӣ (at sight) бошад, яъне ҳамин ки мачмӯи ҳуҷҷатҳо ба бонки пардохткунанда тақдим мешаванд, бонк метавонад маблағро пардохт кунад ё ки дар давраи муайяншуда, баъди 30, 60, 90 ё 180 рӯз баъд аз рӯзи тақдимот, ё рӯзи коносамент (Bill of Lading) пардохтро ба амал оварад.

 

Ин механизмро ба инобат гирифта, ЧСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Точикистон» бо назардошти хоҳиши мизочон хизматрасониро оиди пешниҳод намудани эътиборномаҳои зерин ба ивази маблағи пулӣ, гарав ё маблағи кушодани хати қарзӣ тақдим мекунад:

 

Намудҳои эътиборнома:

Имконияти бекоркуни дошта

Ин эътиборнома метавонад аз тарафи аризадиҳанда ё Бонк, ки онро кушод, бе пешаки хабардор накардани содиркунанда бекор шавад.

 

Имконияти бекоркуни надошта

Бо ин намуди эътиборнома бонк-бароранда пардохткуниро ба ӯҳдаи худ мегирад, агар ҳамаи шартҳои эътиборнома риоя шаванд.  Бонк-бароранда метавонад ӯҳдадориҳои худро дигаргун ё бекор кунад, агар ҳамаи тарафҳо розигии худро медиҳанд.

 

Тасдиқшаванда

Ин намуди эътиборнома барои тасдиқ намудани пардохт аз тарафи бонки содиркунанда бо супориши содиркунанда истифода бурда мешавад. Қонунан ин эътиборнома дар сурати воқеъ гардидани хатари ичро нашудани ӯҳдадориҳои пардохти маблағ аз тарафи бонк-бароранда лозим меояд. Ин асосан аз барои рад шудани пардохт аз тарафи бонк ё ноустувории давлати бонк-бароранда.

 

Тасдиқнашаванда

Агар эътиборнома тасдиқнашаванда аст, бонк-маслиҳатдиҳанда содиркунандаро оиди шартҳои эътиборнома бе иловакунии ӯҳдадориҳои пардохткунӣ ё қабулкунии худ дар асоси шартҳои эътиборнома хабардор мекунад.

 

Интиқолшаванда

Эътиборномаҳои интиқолшаванда дар ҳамон шарте истифода бурда мешаванд, ки содикунанда ҳамчун миёнарав байни воридкунандаю содиркунанда дар амалиётҳои тичоратӣ нақш мебандад. Дар ин сурат ҳамаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои эътиборнома аз миёнарав ба молсупорандаи охирон мегузаранд. Миёнарав ягон ӯҳдадорӣ надорад.

Ин намуди эътиборнома одатан дар ҳолатҳое истифода бурда мешавад, ки молсупоранда бавоситаи миёнарав ба воридкунанда молро мефурушад ва мавқеи пурзурро дорад, ки ҳангоми мулоқот пардохтро бавоситаи эътиборнома талаб намояд. Бавоситаи эътиборномаи интиқолшаванда миёнарав имконият дорад, ки молсупорандаҳои худро бо пардохт аз рӯи эътиборнома бе кушодани хати қарзӣ таъмин намояд. Эътиборнома он замон интиқолшаванда ҳисоб мешавад, ки аз тарафи бонки бароранда гуфта шавад.

Шартҳои эътиборномаи интиқолшаванда бояд ба шартҳои эътиборномаи аслӣ монанд бошанд, истисно барои шумора, нарх барои як мол, мӯҳлати эътибордоштан, санаи охирони пешниҳодҳо, мӯҳлати ҳамлу нақл кардан. Ҳамаи ин метавонад кам ё васеъ шавад.

Шахсияти содикунанда ва молсупорандаи охирон, мумкин аз якдигар пинҳон шавад. Ба ин хотир эътиборномаи аслӣ ва интиқолшаванда бояд бодиққат сохта шавад.

 

Талофӣ

Дар ин сурат ду эътиборнома новобаста аз якдигар бароварда мешаванд. Воридкунанда онҳоро ба фоидаи содиркунанда мебарорад. Содиркунанда дар навбати худ метавонад эътиборномаи дигарро ба фоидаи молсупорандаи охирон ё ки молсупорандаи ашёи хом барорад. Ин намуди эътиборнома дар ҳолате, ки шартҳои созишномаҳои асосӣ қонеъ намешаванд, ё ки эътиборномаи интиқолшаванда манфиятнокии ҷанбаъҳои аниқи амалиётро нигоҳ дошта наметавонад, лозим мешавад. Аз барои хавфи калон бо ин эътиборнома  он кам бароварда мешавад.

 

Такроршаванда

Агар содиркунанда дар асоси созишномаи дарозмуддат бо воридкунандаи мушаххас таҳвил молсупории мунтазамро гузаронад, ин намуди эътиборнома дар ин сурат барои якчанд қатор молсупорӣ, ки бавоситаи як ҳуччат бояд ҳифз шаванд, бисёр муфид аст.

 

Инро бавоситаи азнавкунии эътиборнома бо маблағи аввала бо тамомшавии муҳлати муайян ба даст овардан мумкин аст, ки ин имконияти азнавкунии эътиборнома дар ҳар сурати молсупории мол ба миён меоварад.

 

Ба инобат гирифтан лозим аст, ки ин чавобгарии дарозмуддат аст ва он ба хизматрасонии бонкӣ таъсир мерасонад.

 

Пешпардохт

 

Ин эътиборнома дорои шартҳоест, ки бонкро вазифадор мекунонанд, ки он қисмати маблағи эътиборномаро то фиристондани ҳуҷҷатҳо пешпардохт намояд. Ин барои содиргар имкониятро фароҳам мекунад, ки ашёи хомро харидорӣ кунад ё ки дигар хароҷотҳоро ҳамин ки ҳуҷҷатҳои лозимӣ пешкаш мешаванд то гирифтани маблағи пурра пардохт намояд.

Хавфи пешпардохт ба ӯҳдаи воридкунанда аст. Маблағ аз рӯи пардохтномаи воридот пардохт мешавад, ки аз рӯи имконият дар ҳолати нафиристондани мол маблағро худашон подош медиҳанд. Баъд аз пешпардохт кардан суратҳисоби воридкунанда дебит карда мешавад.

 

Захиравӣ

Эътиборномаи захиравӣ ин як намуди кафолати тиҷоратист, ки дар ҳолате истифода бурда мешавад, ки воридкунанда дар мӯҳлати муайянкардашуда маблағи молро пардохт кардан наметавонад. Дар ин эътиборнома  мӯҳлати амалӣ қайд карда мешавад, вале санаи судур намешавад. Эътиборномаи захиравӣ барои ҳисобот оиди радъ кардани содиркунанда истифода бурда мешавад.

 

Гарав. Ҳамчун гарав барои кушодани эътиборнома маблағи пулӣ, пасандозҳо дар бонк, векселҳои давлатии хазинадорӣ, қоғазҳои қимматноки давлатӣ, амволи ғайриманқул қабул мешаванд.  Мизоҷ комиссияи амалиётҳои бонк якчоя бо комиссияҳои хавф, ки чудогона / алоҳида ҳисоб ва тасдиқ шудаанд ва аз миқдор ва бозоргирии гарав вобастагӣ доранд, пардохт мекунад.

 

Пешниҳодҳои омехта.

 

Шарти муҳим барои гирифтани эътиборнома ин доштани суратҳисоби ҷорӣ дар ЧСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Точикистон» мебошад.

 

 

 

Қурби асъор

Currency exchange rates on August 23, 2019

 
    Purchase Sell  
   1 USD 9.6800 9.7000 TJS
   1 EUR 10.7000

10.7800

TJS 
         

Хабарҳо

07/10/2012
.

.