The CJSC “NBP Pakistan Subsidiary Bank in Tajikistan” warmly welcomes you!
A leading Government owned commercial bank of Pakistan with total assets worth around USD: 13 billion.

You are here

Саҳифаи аслū

Интиқоли пулӣ

ҶСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» шабакаи бонкҳои корреспондентиро барои интиқоли пулӣ ба тамоми манотиқҳои ҷаҳон бо доллари ИМА ва Евро истифода мебарад. Бонк боз нақшаи кушодани интиқоли пулӣ бо рубли русиро дорад.

Интиқоли пулӣ бавоситаи системаи S.W.I.F.T. ба кор дароварда мешавад. Дар замони ҳозира системаи SWIFT системаи бароҳатттар, боэътимодтар ва бехавфтар байни дигар системаҳо барои пардохтҳои байнибонкӣ, новобаста аз ҷойгиршавиашон, ба ҳисоб меравад. Ин система имконият медиҳад, ки маблағ дар муддати 2-5 рӯз интиқол мешавад.

Барои интиқоли маблағ ба бонки дигар, ба Шумо лозим ҳаст, ки:

o       Дар ҶСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон», ки дар шаҳри Душанбе воқеъ аст, суратҳисоби чорӣ кушоед;

o      Агар Шумо шахси воқеӣ ҳастед, Шумо метавонед пулро бе кушодани суратҳисоб интиқол намоед, аммо дар ин ҳолат Шумо бояд ҳуччат дошта бошед, ки шахсияти Шуморо тасдиқ намояд, аз чумла шиноснома, корти мушаххас ва ғайра;

o       Барои интиқоли пулӣ ба бенефисиар (қабулкунанда), Шумо бояд нишонаҳои ӯро дошта бошед, аз он ҷумла ном, рақами суратҳисоб, номи бонк, номи филиал, рақами код, коди SWIFT ва ғ.;

o    Маблағ метавонад ба паспорт интиқол шавад, барои ҳамин нишонаҳои қабулкунанда бояд дастрас бошанд. Бояд дар назар дошт, ки бештари бонкҳо пулро бо шиноснома қабул мекунанд, аз ин лиҳоз ба суратҳисоби кабулкунанда гузарондани пул беҳтар аст;

o       Баъди пешниҳоди ҳуччатҳо менечери фронт-офис аризаи Шуморо барои интиқоли пулӣ пур мекунад;

o       Маблағи пулӣ ва маблағи фоизҳо бавоситаи хазина гузаронида мешавад.

Барои маълумот оиди комиссия барои интиқоли пулӣ, илтимос ба тарофаҳои банк муроҷиат намоед.

Системаи Western Union усули тез ва боэътимод барои интиқоли пул дар тамоми чаҳон мебошад. Системаи Western Union ҳозир бисёр лозим ҳаст. Шумо метавонед пулро дар муддати якчанд дақиқа дар ҳар як давлате, ки дорои нуқтаҳои хизматрасонии системаро дорад, қабул намоед. Ин система аз миёнаи моҳи декабри соли 2012 дастрас мешавад.

Бартарии системаи Western Union дар байни дигар системаҳо:

o       Шабакаи васеъи хизматрасонӣ дар тамоми ҷаҳон ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

o       Барои фиристонанда ва қабулкунанда зарурияти кушодани суратҳисоб нест;

o       Суръат, эътимодият ва осонӣ;

o       Имконияти омехта кардани тарчумаи маълумотҳои хаттӣ ва огоҳиномаҳо;

o       Системаи бехатарии беҳамто кафолат медиҳад, ки пули Шумо тез ва фақат ба шахси дахлдор фиристонида мешавад.

Барои интиқоли пул фиристонанда бояд:

o       Ҳуччати муайянкунандаи шахсият ё шаҳодатномаро пешниҳод намояд;

o       РМА – Рақами Мушаххаси Андозсупоранда;

o       Ном ва Насаби қабулкунандаро донад;

o       Формаи «фиристондани пул»-ро пур кунад ва имзо гузорад;

o       Маблағи лозимаро пардохт намояд.

Барои гирифтани маблағ қабулкунанда бояд:

o       Ҳуччати муайянкунандаи шахсият ё шаҳодатномаро нишон диҳад;

o       РМА – Рақами Мушаххаси Андозсупоранда;

o       Ном ва Насаби фиристонанда, маблағи пул, шаҳр ва мамлакати фиристонандаро донад;

o       Формаи «гирифтани пул»-ро пур кунад ва имзо гузорад;

Хизматрасониҳои иловагӣ:

 

o       Бавоситаи телефон огоҳӣ намудан;

o       Маълумоти хаттӣ (то 20 калима).

Қурби асъор

Currency exchange rates on September 16, 2019

 
    Purchase Sell  
   1 USD 9.6800 9.7000 TJS
   1 EUR 10.7000

10.7800

TJS 
         

Хабарҳо

07/10/2012
.

.