The CJSC “NBP Pakistan Subsidiary Bank in Tajikistan” warmly welcomes you!
A leading Government owned commercial bank of Pakistan with total assets worth around USD: 13 billion.

You are here

Саҳифаи аслū

Кафолати бонкӣ

ЧСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Точикистон» хизматрасонии кафолати бонкиро ба ивази пардохти пулӣ, гарав ё маблағи барои хати қарзӣ тасдиқшуда ба мизочонаш пешниҳод мекунад.

 

Маънои кафолати бонкӣ он аст, ки бонк бо дархости борфиристонанда шоҳидии хаттиро барои бенефитсиар (қабулкунанда) мекушояд. Ҳамчун кафолатдиҳанда Бонк вазифадор аст, ки қарз ё уҳдадориҳои борфиристонандаро баҷояш ба ӯҳдаи худ гирад. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳар ду тараф дар асоси шартнома муайян карда мешаванд. Кафолати бебозхонд  ин кафолатест, ки Бонк ҳамчун кафолатдиҳанда барои кам кардани шумора ва давомнокии кафолат ҳуқуқ надорад, ки кафолатро пеш аз ба охир расидани мӯҳлати амал бекор кунад ё ягон дигаргунӣ бе розигии бенефитсиар ба он ворид кунад.

   
Бонк хизматрасониҳои зеринро, ки ба додани кафолати тичоратӣ таалуқ доранд, ба мизочонаш бо нархҳои номиналӣ пешниҳод мекунад:

 

Дар марҳилаи пешниҳод: Кафолат барои тендер (ё ки  Bid Bond - таъмин кардани тақозо)

 

Ин кафолат асосан ба маблағи аз 1 то 2 фоизи арзиши шартнома баробар аст. Кафолат барои харочотҳои иловагӣ ба соҳибкор подош медиҳад. Агар шахсе, ки ба ӯ тендер пешниҳод шуд, бо шартҳои шартнома розӣ нест, тендер бояд ба дигар шахс дода шавад.

Кафолати ичроиш / Кафолати ичроиши ӯҳдадориҳо

Ин кафолат одатан ба маблағи аз 5 то 10 фоизи арзиши шартнома баробар аст, ки он ба соҳибкор кафолати пардохтро дар ҳолати ичро нашудани ӯҳдадориҳои шартнома аз тарафи пудратчӣ медиҳад.

Кафолати пешпардохт

Дар ҳолати ичро нашудани ӯҳдадориҳои шартнома аз тарафи пудратчӣ ин намудани кафолат ба соҳибкор имконият медиҳад, ки пешпардохтро баргардонад. Ин кафолат барои маблағи умумии пешпардохт дода мешавад, вале метавонад пунктҳои мухтасаркуниро, ки имконияти паст кардани маблағи балонтарин дар асоси маҳсулнокии тадричан шиддатёбанда, дар бар доштан.

Кафолати нигоҳдории пул

Лоиҳаҳои нисбатан калонтар пардохтҳои марҳалавиро дар давоми пеш бурдани кор талаб мекунанд. Соҳибкор барои пӯшондани ҳамагуна нуқсонҳои пинҳонӣ дар кори баинҷом расида зуд зуд фоизҳоро аз маблағи пардохт (нигоҳдории маблағ) нигоҳ медорад. Кафолати нигоҳдории пул имконият медиҳад, ки фавран маблағ ба пудратчӣ дода мешавад. Дар ҳолати аз ӯҳдаи ӯҳдадориҳо набаромадани пудратчӣ соҳибкор метавонад маблағи нигоҳдошташударо аз пудратчӣ баргардонад. 

Кафолати пардохт

Ин намуди кафолат замонати ичроиши ӯҳдадориҳои пардохтро медиҳад. Ин кафолат боз ҳамчун эътиборномаи захиравӣ ба ҳисоб меравад.

Кафолати хизматрасонӣ

Ин намуди кафолат имконият медиҳад, ки пудратчӣ баъди баитмом расидани марҳалаи сохтмон аз шартнома даст намекашад ва дар асоси созишномаи аввала иҷроиши ҳамаи намуди ӯҳдадориҳоро давом медиҳад.

 

Кафолати гумрукӣ

Пудратчиҳо барои иҷро намудани шартҳои шартнома зуд-зуд таҷҳизотро аз беруни кишвар ворид мекунанд. Барои воридот одатан боҷ супурда мешавад, аммо мақомотҳои гумрукӣ дар ҳолати баъди анҷоми кор содир шудани таҷҳизот аз тарафи пудратчӣ метавонанд барои пудратчӣ мустасно кунанд. Ба ин хотир пудратчӣ бояд ин кафолатро ба мақомоти гумрук пешниҳод намояд, ки он ба ӯ имконияти озод шудан аз пардохти такрории маблағи содиротро медиҳад.

 

Кафолати бурдарасонӣ

Ин намуди кафолат ба харидор имконият медиҳад, ки молро аз нақлкунанда новобаста аз гумшудаҳои коносамент (bills of lading) ё боздоштҳо.

 

ЧСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Точикистон» ҳамчунин барои Шумо хизматрасониҳо оиди ташкил намудани контр-кафолатҳо ба воситаи ширкати васеи бонкҳои корреспондентии Бонки Модариамон дар тамоми чаҳон пешниҳод мекунад.

 

Шартҳои асосӣ барои додани кафолати бонкӣ ин доштани суратҳисоб дар ЧСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Точикистон», гарави мувофиқ ва пешниҳоди ҳуччатҳо дар асоси қонунҳои Бонки Миллии Точикистон мебошанд.

 

Қурби асъор

Currency exchange rates on August 23, 2019

 
    Purchase Sell  
   1 USD 9.6800 9.7000 TJS
   1 EUR 10.7000

10.7800

TJS 
         

Хабарҳо

07/10/2012
.

.