The CJSC “NBP Pakistan Subsidiary Bank in Tajikistan” warmly welcomes you!
A leading Government owned commercial bank of Pakistan with total assets worth around USD: 13 billion.

You are here

Саҳифаи аслū

Ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасонии хазина

Ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасонии хазина барои мизоҷон спектри васеъи хизматрасонӣ мебошад, аз он ҷумла барои 1) шахсони воқеӣ, 2) шахсони инфиродӣ бе ташкилёбии шахси ҳуқуқӣ ва 3) шахсони ҳуқуқӣ.

 

ЧСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» барои мизоҷон номгӯи хизматрасониҳоро бо асъори миллӣ ва хориҷӣ пешниҳод мекунад, ки дар зер оварда шудааст:

 

·         Кушодани суратҳисоб барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ.

·         Интиқоли пулии байналмиллали бо асъори хоричи бавоситаи системаи SWIFT.

·         Харид, фуруш ва мубодиллаи асъори хоричи.

·         Амалиётҳои хазинави.

·         Интиқоли пулии дохилӣ.

·         Додан, тасдиқ намудан ва мувофиқ кардани ҳамаи намуди эътиборномаҳо.

·         Додан ва тасдиқ намудани ҳамаи намуди кафолат.

·         Сармоягузорӣ ба қоғазҳои қимматноки давлатӣ.

·         Қарзҳои чакана бо сомонӣ ва доллари ИМА барои ҳамаи мизоҷон, аз он ҷумла барои шахсони воқеӣ, соҳибкории хурд ва миёна, шахсони корпоративӣ ва ҳуқуқӣ.

·         Хизматрасонии кортҳои пластикӣ.


·        Кушодани суратҳисоб барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ.

Суратҳисобҳои чории бонкӣ метавонанд бо асъори миллӣ ва доллари ИМА кушода ва нигоҳ дошта шаванд.

Суратҳисобҳои ҷории мизоҷон дар асоси созишномаи бонк дар бораи суратҳисобҳои ҷорӣ, ки дар байни бонк ва мизоҷ баста мешавад, кушода мешаванд.

Барои кушодани суратҳисоб мизоҷ бояд бавоситаи шакли махсуси кушодани суратҳисоб ариза нависад ва якҷоя бо дигар ҳуҷҷатҳо, ки аз тарафи Бонки Миллии Тоҷикистон талаб карда мешаванд, ба бонк пешниҳод намояд. Рӯйхати ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои кушодани суратҳисоб дар банди – Ҳуҷҷатҳои лозимӣ оварда шудааст.

Бағайр аз ин барои бастани суратҳисоб мизоҷ бояд дархости бастани суратҳисобро бо сабабаш пешниҳод намояд. Суратҳисоб ройгон аз рӯи талаботҳои қонунбарории Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавад.

·        Интиқоли пулии байналмиллалӣ бо асъори хориҷӣ бавоситаи системаи SWIFT

Интиқоли пулии байналмиллали бо асъори хоричи бавоситаи системаи SWIFT иҷро мешавад. Амалиётҳои интиқоли пулии байналмиллали дар асоси дархости мизоч ба амал меоянд. Дархосткунанда бояд маълумоти пурраро дар бораи фиристонанда, қабулкунанда, мақсад ва ҳуччатҳои лозими, ки аз тарафи Бонки Миллии Точикистон талаб мешаванд, пешниҳод намояд. Ин хизматрасони барои шахсони воқеи, ҳуқуқи, мизочони доимии бонк ва дигар шаҳрвандон дастрас аст. Барои пешгирии шусташавии пул Бонкамон доимо қоидаҳои Ҷумҳурии Точикистон ва қоидаҳои ҳуқуқи байналмиллалиро, ки дар ин самт ба кор дароварда шудаанд, риоя мекунад.

Ҳангоми интиқоли пулии байналмиллали, Бонк вазифаи вакили назорати асъорро дар асоси қонунгузории асъори Ҷумҳурии Точикистон ба ӯҳда мегирад. Вазифаҳои назорати асъор ин назорат ва мувофақа (комплайенс) –и амалиётҳои асъории мизоҷ ва худашон мебошанд. Ба ин васила Бонк асоснокии пардохтҳо, мавчудияти ҳуччатҳои лозима барои ба амал овардани пардохт (ва дар сурати лозими шаҳодатномаи бақайдгири, шаҳодатномаи огоҳи)–ро аз назар мегузаронад. Бағайр аз ин аз назар гузаронии муккамалият ва воқеияти ҳисоботҳо дар амалиётҳои асъорӣ, мониторинги талаботҳои репатриатсионӣ барои шартномаи содиротӣ-воридотии маблағ аз даҳ хазор доллари ИМА зиёдтар.

Бонк барои мизоҷон хизматрасонии пулнокро оиди тайор намудани шартномаи харидуфурӯш пешниҳод мекунад, аммо дар сурати пешниҳод шудани сертификат оиди ҳаракати маблағҳои пули дар асоси созишнома аз тарафи мизоҷ, ва бағайр аз ин хизматрасониҳои машваратии ройгон дар мавзӯи назорати асъорӣ ва бо дархости мизоҷ назорати шартнома ва созишномаи иловагӣ.

·         Харид, фурӯш ва мубодиллаи асъори хориҷӣ.

Бонк ҳуқуқ дорад, ки барои мизочони худ ва дигар шаҳрвандон асъори хоричиро харид, фуруш ва мубодилла намояд. Мизочон метавонанд амалиётҳои мубодиларо бо меъёрҳои афзалиятноктар ба чо оваранд ва ҳамзамон дар ҳачми калон баъди мувофиқкунӣ бо Бонк.

·         Амалиётҳои хазинави.

Намуди дигари хизматрасоние, ки бонк ба мизочон пешниҳод мекунад, ин сармоягузорӣ ва гирифтани пули нақд ҳам бо асъори миллӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ. Бағайр аз ин Бонк хизматрасонии андеррайтинг / назорати асл будани пули қоғазӣ, ройгон мубодила намудани пулҳои фарсудаи сомони.

·         Интиқоли пулии дохили.

Дар асоси қонунбарории Чумҳурии Точикистон Бонк ҳамчунин амалиётҳои интиқоли пулиро бо асъори милли амали менамояд.

·         Додан, тасдиқ намудан ва мувофиқ кардани ҳамаи намуди эътиборнома.

Бонки мо ҳамчунин ҳуқуқи баамал овардани ҳамаи хизматрасониҳои бонкиро дорад, аз он чумла додан, тасдиқ намудан ва мувофиқ кардани ҳамаи намуди эътиборномаҳо. Мо ин хизматрасониҳоро бо меъёрҳои рақобатпазир пешниҳод менамоем. Шабакаи бонкии мо дар тамоми чаҳон паҳн шудааст, барои ҳамин мо василаҳои корреспондентии шабакаи худамонро истифода мебарем. Бонки модарии мо ҳамчунин муносибатҳои корреспондентиро бо машҳуртарин бонкҳои чаҳон сохтааст, ки шумораи бонкҳои корреспондентиамон ба 3000 бонк мерасад.

·         Додан ва тасдиқ намудани ҳамаи намуди кафолат.

Бонки мо ба мизочон ҳамчунин ҳамаи намуди кафолатро пешниҳод мекунад дар сурати тасдиқ шудан аз тарафи Сарбонк ва сиёсату қонунҳои танзими маҳали. Бонк метавонад кафолатҳои аз тарафи бонкҳои корреспондентиамон, ки дар тамоми чаҳон фаъолият мекунанд, ба уҳдаи худ гирад.

·           Сармоягузорӣ ба қоғазҳои қимматноки давлатӣ.

Бонки мо метавонад ба сармоягузорон имконият диҳад, ки онҳо дар музоядаи давлати иштирок варзанд ва ба қоғазҳои қимматноки давлати / гумбари хазинавии давлати / қоғазҳои қимматнокии давлатии дар ҳаракат / сармоя гузоранд. Ин имконият ҳам барои шахсони воқеи ва ҳам барои шахсони ҳуқуқи бо комиссияи номинали дастрас аст. 

·        Қарзҳои чакана бо сомонӣ ва доллари ИМА барои ҳамаи мизоҷон, аз он ҷумла барои шахсони воқеӣ, соҳибкории хурд ва миёна, шахсони корпоративӣ ва ҳуқуқӣ.

Бонк хизматрасонии қарздиҳиро бо сомони ва доллари ИМА барои ҳамаи мизочон, аз он чумла барои  шахсони воқеи, соҳибкории хурд ва миёна, ва шахсони корпоративи ва ҳуқуқи пешниҳод менамояд. Барои дар тарақиёти иқтисодии Чумҳурии Точикистон саҳми худро гузоштан раёсати Бонкамон ба қароре омад, ки қарзҳоро бо меъёрҳои фоизии паст ба бозори сармояви пешниҳод кунад. Бағайр аз ин барои эмин доштани мизочон аз ҳодисаҳои ғайричашмдошт Бонкамон моликияти мизочонро бавоситаи беҳтарин ширкатҳои суғуртави ҳифз менамояд. Ин имконият барои таъиноти истеъмоли ба соҳибкори дастрас аст.

·         Хизматрасонии кортҳои пластикӣ.

Соатҳои кории Бонкамон аз 8.00 саҳарӣ то 4:30 бегоҳӣ давом медиҳанд, вале барои таъмин намудани хизматрасонии ҳаматарафа дар давоми 24 соат Бонк берун аз бинои Бонк як банкоматро ба кор даровардаст. Барои бароҳатии мизоҷон мо ҳамчунин бо Агроинвестбонк созишномаро оиди истифодабарии банкоматҳои онҳо бавоситаи кортҳои пластикии Бонкамон бо нархҳои номиналӣ ба имзо расондем.


·         Бағайр аз хизматрасониҳои дар боло овардашуда Бонки мо хизматрасониҳои иловагиро ба мизочон пешниҳод менамояд, аз чумла:

 

1.      Ройгон пешниҳод намудани иқтибоси суратҳисоб дар мавриди зарурӣ;

 

2.      Интиқоли маблағ аз як суратҳисоб ба дигар;

 

3.      Тайор ва чоп кардани супориши пардохт бо дархости мизоҷ.

 

 

 

 

Қурби асъор

Currency exchange rates on December 12, 2019

 
    Purchase Sell  
   1 USD 9.6800 9.7000 TJS
   1 EUR 10.7800

10.88000

TJS 
         

Хабарҳо

07/10/2012
.

.